Чаро намозҳои шаби қиёмулллайли моҳи Рамазонро таровеҳ мегуянд?

Яъне нисфи шаб мехестанд ва 8 ракъат намозро мехонданд ва баъд 3 ракъат вир мехонданд, ки ҳамаги 11 ракъат намозро адо менамуданд ва ҳолатҳое мешуд.

Расулаллоҳ баъд аз намози витр боз 2 ракъат намози нафлро нишаста мехонданд, ки дар ин ҳолат ҳамаги намози расулаллоҳ 13 ракъат мешуд.

روى البخاري (3569) ، ومسلم (738) عَنْ أَبِي سَلَمَةَ بْنِ عَبْدِ الرَّحْمَنِ ، أَنَّهُ سَأَلَ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا : كَيْفَ كَانَتْ صَلاَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي رَمَضَانَ ؟ قَالَتْ : " مَا كَانَ يَزِيدُ فِي رَمَضَانَ وَلاَ فِي غَيْرِهِ عَلَى إِحْدَى عَشْرَةَ رَكْعَةً ، يُصَلِّي أَرْبَعَ رَكَعَاتٍ ، فَلاَ تَسْأَلْ عَنْ حُسْنِهِنَّ وَطُولِهِنَّ ، ثُمَّ يُصَلِّي أَرْبَعًا ، فَلاَ تَسْأَلْ عَنْ حُسْنِهِنَّ وَطُولِهِنَّ ، ثُمَّ يُصَلِّي ثَلاَثًا ، فَقُلْتُ : يَا رَسُولَ اللَّهِ تَنَامُ قَبْلَ أَنْ تُوتِرَ؟ قَالَ : ( تَنَامُ عَيْنِي وَلاَ يَنَامُ قَلْبِي

Дар ҳадиси саҳез ки Имом Бухори ва Муслм Ривоят мекунанд омадааст, ки Аби Салама бин Абдурраҳмон аз модарамон Оъиша суол мекунанд, ки намози Расулаллоҳ дар Моҳи Рамазон чигуна буд ?

Оъиша мегуянд: Дар Рамазон ва дар ғайри рамазон Расулаллоҳ аз 11 ракъат зиёд намехонд ( яъне 8 ракъат Ӣаровеҳ 3 ракъат витр) чаҳор ракъат намозро адо менамуданд комилу пурраву тулони ва боз чаҳор ракъатро ҳамчунин ва дар озир 3 ракъат витр.

(Муттафақ алайҳ)

Ва дар ривояти саҳеҳи дигар омадаст, намози шаби расулаллоҳ 13 ракъат буд . Ки модарамон Оъиша ривоят намудаанд.

Шумо дидед ки дар ривояти саҳеҳу сареҳ муттафақ алайҳ баён мекунад, ки Расулаллоҳ ҳама вақт 8 ракъат намози шаб мехонданд дар рамазон ва ғайраш.

Ҳаркасе ин амали Расулаллоҳро инкор намояд ҷоҳил аст зеро ҳадиси сареҳу қотеъро инкор намуда аст.

Аз ҳамин ҷиҳат ҳаркасе ба Расулаллоҳ пайрави намояд адади ракхатҳои намозаш 8 ракат бошад ва тулони бошад қироъат руку суҷудаш тулони бошад ва то вақти суҳур намозро идома диҳад беҳтарин амал карда ва ба суннат чангзадааст.